ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Суди олии Тоҷикистон ҳукми Бурҳон Абдуллоев, раиси бозори "Ином"-и Шаҳритусро бетағйир боқӣ гузошт, менависад ОИ TоjNews.
Ба қавли Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Бурҳон Абдуллоев, намояндаи Додгоҳи олӣ дар суди вилояти Хатлон ҳукми раиси бозори «Ином»-ро бетағйир гузошта, инчунин ширкат накардани Муҳибулло Саъдуллоевро дар мурофиа дуруст шуморид.
Намояндаи Суди олӣ гуфтааст, ҳамаи масъалаҳо дар додгоҳи вилояти Хатлон ҳалли худро ёфтаанд, аз ин рӯз ниёз ба иштироки ҷониби дигари даъво- Муҳибулло Саъдуллоев, нест.
Тибқи иттилоъ, 30-юми апрели соли равон Бурҳон Абдуллоев, раҳбари бозори "Ином"-и Шаҳритус, ки бо Муҳибулло Саъдуллоев, ҳамшарикаш барои тақсими бозор баҳс доштанд, бо ҳукми суди вилояти Хатлон се сол ҳабс шуда буд.Оқои Абдуллоев бо иттиҳомоте аз қабили "сӯиқасд ба дороии шаҳрванд" ва "маҳви барқасдонаи моликияти дигарон бо роҳи сӯзондан, таркондан ё дигар тарзи барои ҷамъият хафнок" муттаҳам мешавад.
Дар вақти пешниҳоди аризаи кассатсионӣ аз Додгоҳи олӣ хоҳиш шуда буд, ки дар мурофиаи баррасии аризаи кассатсионӣ, ширкати Муҳибулло Саъдуллоевро таъмин намоянд, вале вай дар мурофиа ҳузур надошт.