ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир 202 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар боздошт шудаанд, хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе мудири ниҳоди зиддимухаддаротии кишвар Рустам Назарзода.
Ба гуфтаи вай ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30% камтар аст.
"Аз ин теъдод 193 нафар дар Федератсия Русия, умдатан дар Москав ва вилояти Маскав боздошт шудаанд. Ҳамчунин дар соли ҷорӣ ду шаҳрванди мо дар Ӯзбакистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд (соли гузашта 17 нафар буд) ва дар Қирғизистон 7 нафар боздошт шуданд (соли гузашта 11 нафар буд)", — хабар дод Назарзода.
Дар худи Тоҷикистон ба гуфтаи мудири АНММ барои қочоқи маводди мухаддир 18 нафар атбоъи кишварҳои дигар, умдатан атбоъи Афғонистон боздошт шудаанд. Соли гузашта теъдоди онҳо 24 нафар буд.
Дар соли 2015 ба гуфтаи Назарзода ниҳоди зиддимухаддаротии кишвар ҳамкорӣ бо ҳамтоён аз кишварҳои дигар, аз ҷумла бо маъмурони ниҳодҳои интизомии Афғонистонро тақвият додааст.
Муштарак бо ҳамтоёни афғон дар соли 2015 маъмурони АНММ ҶТ 12 амалиёт баргузор кардаанд, ки дар пайи онҳо 505 кг мухаддирот забт шуда як тавлидгоҳи ҳероин дар вилояти Бадахшони Афғонистон тахриб карда шудааст.