ТАЛКО тавлиди алюминийро ду баробар зиёд мекунад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКорхонаи алюминийи тоҷик "ТАЛКО"
Корхонаи алюминийи тоҷик ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати алюминийи тоҷик тайи шаш моҳи соли равон 64 ҳазор тонна арзиз истеҳсол кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 ҳудуди 9,6% бештар мебошад. Тибқи нақша дар соли 2016 ТАЛКО 270 ҳазор тонна алюминий тавлид карданист.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода имрӯз дар ҳузури хабарнигорон аз фаъолияти нимсолаи сохтори зертобеъаш ҳисобот дода гуфт, ТАЛКО дар соли равон нақша дорад, истеҳсоли арзизро ба 190 ҳазор тонна расонад.

Ӯ афзуд, ширкати алюминийи тоҷик тайи шаш моҳи соли равон 64 ҳазор тонна арзиз истеҳсол кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 ҳудуди 9,6% бештар мебошад.

Тавлидоти ТАЛКО ду маротиба коҳиш ёфтааст

"То охири соли 2015 тармиму таъмири хатҳои истеҳсолӣ ва муҷаҳҳазгардонии бархе аз коргоҳҳои ТАЛКО ба нақша гирифта шудааст ва созишнома бо ҳамкорони хориҷӣ низ ба имзо расидааст. Пас аз амалӣ шудани ин, иқтидори истеҳсолии ширкат тақвият меёбад",- иброз дошт вазир.

Дар соли 2016 бошад, ТАЛКО 270 ҳазор тонна алюминий тавлид карданист.

Коҳиши истеҳсоли арзиз дар корхонаи алюминийи тоҷик тайи 3-4 соли ахир ба мушоҳида мерасад. Соли 2014 тавлиди маҳсулот то нисф кам гардида, ҳамагӣ 121,2 ҳазор тонна алюминий истеҳсол гардид. Соли 2013 дар қиёс ба як соли пеш аз он истеҳсоли арзиз 20,6% коҳиш ёфта, 216,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0