ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Баъд аз зӯҳри 28-уми июл бар асари беморӣ генерал-майор Мамадаёз Навҷувонов дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Озодагон".
"Тайи се моҳи охир генерали мустафъии тоҷик аз бемории шадиди фишорбаландӣ ранҷ мебурд. Сеюми август марҳум Навҷувонов ба синни 73-солагӣ бояд мерасид".
Ба иттилоъи манбаъ, шоми гузашта,ҷасади нахустин вазири умури дохилии Тоҷикистонро барои ба хок супурдан ба зодгоҳаш —рустои Боғеви ноҳияи Шуғнон интиқол додаанд.
Мамадаёз Навҷувонов 3-юми августи соли 1942 дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон таваллуд шудааст.Соли 1961 ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) даъват мешавад. Баъди хидмат дар артиш ба омӯзишгоҳи ҳарбии Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) дохил мешавад. Соли 1964 таҳсилашро дар Саратов идома медиҳад ва баъди хатми он барои кор ба Тоҷикистон ба ҳайси қумандони взводи таъиноти махсус фиристода мешавад.
Ӯ тайи солҳои 1970-75 дар шӯъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (он вақт ба номи Ленин) таҳсил мекунад. Соли 1979 бошад, Академии олии ҳарбии ба номи Фрунзеи Маскавро ба итмом расонидааст.
Баъдан, дар зинаҳои гуногуни фармондеҳии нерӯҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Тоҷикистони Шӯравӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст.
Аз соли 1989 то моҳи марти соли 1992 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд.