ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сармураббии "Истиқлол"-и Душанбе Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд, менависад сомонаи Федератсияи футбол.
"Мубин Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки чанд рӯз пеш, баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард",- омадааст дар хабари сарчашма.
Ин мураббии 41-сола мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2018 омода месозад. Бозии наздиктарини тими миллии Тоҷикистон 8 сентябр дар Душанбе муқобили мунтахаби Австралия, ғолиби Ҷоми Осиё-2015, баргузор мешавад.
Гуфтанист, Мубин Эргашев аллакай таҷрибаи кор дар мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳайси мураббии калон дар давраи солҳои 2008 то 2013 касб кардааст. Моҳи июни соли 2013 Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъин шуда буд.
Ӯ имсол тавонист, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератияи футболи Осиё) барорад. Ҳоло "Истиқлол" муборизаро барои Ҷоми AFC идома медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук, ки муҷаввизи мураббигии дараҷаи «Pro» дорад, инчунин Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич, ки дар дастаи "Истиқлол" ёварони Эргашев мебошанд, дохил шудаанд.Ҳабибуллоев масъули кор бо дарвозабонҳо, мутахассиси сербиягӣ Лазаревич бошад, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.