ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд изҳор дошт, ки дар мавриди содироти "Мистрал"-ҳо ба Русия дар ҳафтаҳои наздик тасмим мегирад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Блумберг.
Ин изҳори назарро раиси ҷумҳури Фаронса шоми рӯзи душанбе дар дидор бо хабарнигорон матраҳ кардааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, Олланд ҳамчунин зикр кардааст, ки қасд дорад дар мавриди "пеш бурдан" ва ё лағви қарордоди киштиҳои чархболнишинро тасмим бигирад.
Қарордоди харидории ду киштии чархболнишини навъи "Мистрал" миёни ширкати фаронсавии DCNS/STX ва Рособоронэкспорт дар соли 2011 имзо шуда буд.
Фаронса муваззаф шуда буд, ки киштии нахустини "Владивосток"-ро дар моҳи ноябри соли гузашта дар ихтиёри Русия қарор бидиҳад, вале ин амр сурат нагирифт. Ҳамакнун Федератсияи Русия аз Фаронса интизори судури ин киштиҳо ва ё бозпардохти қиммати онҳоро интизор аст.