ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Теъдоди афроди боздоштшуда дар Туркия дар пайи амалиёти вижае ба 1050 нафар расидааст, омадааст дар баёнияи дафтари ҳукумати кишвар, ки рӯзи душанбе тавзеъ шуд.
Рӯзи ҷумъаи гузашта ниҳодҳои амниятии Туркия алайҳи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (ДИ), Ҳизби коргари Курдистон ва созмонҳои дигари террористӣ, ки фаъолияти онҳо ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, амалиёти вижа оғоз карданд. Қаблан мақомот аз 590 нафари боздоштшуда хабар дода буданд.
Амалиёти зиддитеррористӣ дар 34 вилоёти Туркия сурат мегирад.
Вазъият дар Туркия баъд аз анҷоми амали террористӣ дар Суруҷ, ки онро "Давлати исломӣ" анҷом дода ва қатли маъмурони пулис дар вилоёти ҷанубу шарқӣ, ки масъулияти онҳоро Ҳизби коргари Курдистон бар зимма гирифт, муташанниҷ шуд.