“Второй дом” дар Душанбе таълими забони русиро ройгон ба роҳ мемонад

© Официальный сайт Миграционной службы РТАснои мулоқот дар Хадамоти муҳоҷират. 24 июли соли 2015
Аснои мулоқот дар Хадамоти муҳоҷират. 24 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёддоштро дар ин бора сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Тоҳир Каримзода ва муовини сарвари кулли Гурӯҳи ширкатҳои русии «Второй дом» Ирина Матвеева ба имзо расониданд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Душанбе Гурӯҳи ширкатҳои русии мавсум ба "Второй дом" ба фаъолият пардохт ва он барои омӯзиши забони русӣ ба шаҳрвандон ройгон хидмат карда, муҷаввизи тасдиқкунанда медиҳад, менависад сомонаи Хадамоти муҳоҷират.

Ёддоштро дар ин бора сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Тоҳир Каримзода ва муовини сарвари кулли Гурӯҳи ширкатҳои русии «Второй дом» Ирина Матвеева ба имзо расониданд.

"Дар қаламрави мутаалиқ ба собиқ ИҶШС (СССР) садҳо қавму миллат паҳлӯи ҳам дӯстона ба сар мебурданд ва албатта муносибати гарму самимии онҳо то имрӯз ҳам гусаста нашудааст,- гуфт Матвиенко. — Вақте ман бо мушкилотҳои қонунигардонии кори муҳоҷирон дар Русия ошно шудам, ба ҳайрат афтодам. Мо бояд ҳамаи инро дар якҷоягӣ ва бо ибрати шахсӣ бартараф намоем".

Баъд аз он ки таълимгирандагон давраи омӯзиши забони русиро пушти сар карданд, ба онҳо санади тасдиқкунанда дода мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе намояндагии Гурӯҳи ширкатҳои русии "Второй дом" бо номи "Хонаи умед" ифтитоҳ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0