Дар Ҷопон дар пайи гармиҳои шадид беш аз 7 ҳазор нафар бистарӣ шудаанд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкТокио
Токио - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теъдоди бештари осебдидагон дар минтақаи Токио мушоҳида шудааст, ки дар ин ҷо 827 нафар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Дар миёни осебдидагон теъдоди кӯдакон низ зиёд аст.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар пайи гармиҳои шадид, ки дар бештаре аз қаламрави Ҷопон ҳукмфармост, се нафар ҷони худро аз даст дода ҳудуди 7,4 ҳазор нафар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Идораи оташнишонии Ҷопон, ки ниҳоди ёрии таъҷилии пизишкӣ низ зербоеъи ин сохтор аст, омор дар муддати аз 20 то 26 июлро ироъа кард.

Теъдоди бештари осебдидагон дар минтақаи Токио мушоҳида шудааст, ки дар ин ҷо 827 нафар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд, дар Сайтама — 721 нафар, дар Тиба — 522 нафар, Канагава — 515 нафар, Аити — 465 нафар ва Осака — 300 нафар. Дар миёни онҳо даҳҳо нафар кӯдакон низ ҳастанд.

Шиддати гармо дар ҳафтаи гузашта ба рӯзҳои якшанбе ва душанбе мувофиқ афтод. Дар бархе аз минтақаҳо дамои гармо то 39 дараҷа тасф дошт.

Тибқи пешбинии ҳавошиносон рӯзи сешанбе, 28 июл дар Токио, Осака ва Киото — дамои ҳаво 33 дараҷа, дар ҷазираи Кюсю — ҳудуди 34 дараҷа ва дар минтақаи Фукусима — ҳудуди 32 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба далели боло рафтани мизони гармии ҳаво ҳавошиносон аз мардум даъват мекунанд, ки аз ҳавосардкунакҳо истифода карда вақти тӯлонӣ дар фазои кушод қарор нагиранд ва пайваста об бинӯшанд.

Лентаи хабарҳо
0