ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз гуфтаҳои коршинос Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар мавриди салафия интиқод карда, онҳоро бепоя хондааст, менависад АМИТ Ховар.
Чанде муқаддам ҷаноби Муҳаққиқ зимни як мусоҳибае бо сомонаи TojNews иддао карда буд, ки манъи рафтани кӯдакон ба масоҷид ба рушди ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон доман задааст.
"Уламои суннатӣ ин хатар (Салафия)-ро дарк намуда, бо раҳбарии собиқ Раиси Шӯрои уламо Амонуллоҳи Неъматзода китобе ба номи "Симои воқеии Салафия" ба табъ расонида буданд. Акбари Тӯраҷонзада низ баҳри дафъи Салафия дар матбуоти даврӣ талошҳои зиёд намуда буд. Аммо баъди вафоти шайх Амонуллоҳ чароғи мубориза бар зидди Салафия дар Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои Тоҷикистон то кунун хомӯш гардид", — гуфта буд Абдуллоҳи Муҳаққиқ.
Ин коршинос дар мусоҳибааш аз хатар доштани ҷараёни Салафия ҳарф зада, пешниҳод карда буд, ки ҳар чӣ зудтар ин ҷараён дар Тоҷикистон решакан гардад.
Аммо дар посух ба ҷаноби Муҳаққиқ Шӯрои уламо навиштааст, ки "Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он на танҳо ба густариши салафия ва хатарзо будани он садо баланд карданд, на фақат дар мавъизаҳои имомхатибони масоҷид ба мардум оқибати ин ваборо фаҳмонданд, балки як силсила тадобире анҷом доданд, ки ҳадаф аз онҳо шинохти симои аслии салафия буд".
Шӯрои уламо даъвоҳои коршиносро комилан бепоя хонда, гуфтааст, бо пешниҳоди ин ниҳод буд, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин ҷараёнро мамнӯъ эълон кард. Ва ҳам ходимони Шӯро, омадааст дар матлаби Ховар, ҳамвора аз хатар доштани Салафия дар минбари масоҷид сухан мекунанд.