Қазоқистон узви 162-уми СҶТ гардид

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкОстона-шаҳри сулҳ. Акс аз бойгонӣ
Остона-шаҳри сулҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои кулли Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) баъд аз бист соли гуфтушунидҳо Қазоқистонро ба узвияти созмон пазируфт ва дар маросими шомилшавии ин кишвар ба ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ президенти ҶҚ ширкат дошт.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ҷумҳурии Қазоқистон барои вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳанӯз моҳи январи соли 1996 ариза ирсол карда буд ва баъди қариб 20 сол, яъне рӯзи 27-июл, дархости Остона ҳаллу фасл гардид, иттилоъ медиҳад оҷонсии Казинформ.

"Шӯрои кулли СҶТ рӯзи гузаштаи 27 июл баъд аз бист соли гуфтушунидҳо Қазоқистонро ба узвияти созмон пазируфт. Дар маросиме ба ин муносибат дар қароргоҳи СҶТ дар шаҳри Женева раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳузур дошт",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ба иттилоъи манбаъ, Қазоқистон 162-юмин узви ин созмон маҳсуб гардида, дар ҷараёни музокирот Остона  аз ҷумла розӣ шуд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар иқдом намояд.

Ҷумҳурии Қазоқистон барои вуруд ба ин созмон моҳи январи соли 1996 ариза навишта буд. Соли 2014 музокироти дуҷонибаи Остона ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба поён расид. Мушкил дар вуруди Қазоқистон ба ин созмони байналмилалӣ бо зарурати баргузории гуфтушунид оид ба арзиши коло ва узвияти кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бастагӣ дошт. Дар ҳоли ҳозир аз панҷ кишвари аъзои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё се ҷумҳурӣ — Русия, Арманистон ва Қирғизистон узви СҶТ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2012 ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пазируфта шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0