ВКД: ба исломгароён 519 шаҳрванд пайваста 150 нафар кушта шудаанд

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Раҳимзода дар нишасти матбуъотии ВКД ҶТ 24 июли соли 2015
Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуъотии ВКД ҶТ 24 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки дар остонаи баргузории нишасти матбуотӣ ба Душанбе аз Туркия ду сокини кишвар оварда шуданд, ки аз суфуфи террористон дар Сурия фирор кардаанд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тибқи омори ахир ба хориҷи кишвар ба назди исломгароён 519 шаҳрванди Тоҷикистон рафтаанд ва 150 нафари онҳо кушта шудааанд, изҳор дошт вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии рӯзи шанбе.

"Ҳар боре, ки бо шумо, хабарнигорон вомехӯрем, мо бароятон омори ахири теъдоди шаҳрвандонеро ироъа мекунем, ки дар хориҷи кишвар ба суфуфи террористон мепайванданд. Феълан, теъдоди онҳо 519 нафар буда аз онҳо бештар аз 150 нафар кушта шудаанд, — гуфт Раҳимзода. — Ҳудуди 30 нафари онҳоро мо баргардонидему ба ҷазои ҷиноӣ ҷалб ва ё озод кардем".

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ: дар марзи Туркия бо Сурия имсол 6 атбоъи тоҷик боздошт шудаанд

Аз Сурия ба гуфтаи вазир 9 нафарро бозпас овардаем, аз Туркия низ 9 нафарро, ки қасди убур аз марзи Сурияро доштанд, аз Русия ду нафарро бозпас овардаем, аз Қазоқистон як нафар ва 14 нафарро дар Тоҷикистон боздошт кардем.

Вазир изҳор дошт, ки бозпас овардани ҷавнонон аз суфуфи исломгароён хеле душвор аст, вале бозпурсии баргаштагон собит месозад, ки бештаре аз онҳо "аз аъмоли худ пушаймон ҳастанд ва теъдоди нафароне, ки мехоҳанд баргарданд, афзоиш меёбад".

Ба гуфтаи вай шоми рӯзи ҷумъа ба Тоҷикистон боз ду нафар шаҳрвандон аз Туркия бозпас оварда шуданд, ки аз Сурия фирор кардаанд.
Дар моҳи май вазир хабар дода буд, ки дар даргириҳои кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумда дар Сурия, Ироқ, Покистон ва Афғонистон 386 табаъайи тоҷик ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0