Намояндаи Тоҷикистон дар “Мейкин Азия” ҷойгоҳи севвумро касб кард

© Sputnik / Таалай ОроскуловШоҳрух Юнусов. Акс аз бойгонӣ
Шоҳрух Юнусов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин ҷашнвора ба ҷуз аз Шоҳрух Юнусов, ки ҷойгоҳи севвум ва ҷоизаи ҳазор долларӣ гирифт боз намояндагони Озарбойҷон ва Қирғизистон қадрдонӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Шоҳрух Юнусов дар ҷашнвораи байналмиллалии оҳангҳои  "Мейкин Азия", ки дар Исиқкӯл баргузор шуд, мақоми севвумро касб кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Юнусови 16-сола ҷавонтарин ширкаткунандаи ин ҷашнвора буд.

"Ба ман ин ҷо хеле писанд омад, бавижа одамони дилкушод ва Исиқкӯли беҳамто", — гуфт Юнусов.

Вай зикр кард, ки аз ин ҷашнвора чунин шукӯҳ, географияи пуршукӯҳ ва мизони баланди ҳирфаиятро интизор набуд. Дар рӯзи нахусти ҷашнвора овозхон суруд дар бораи Тоҷикистон "Республикаи ман"-ро овозхонӣ карда дар рӯзи дуввум оҳанги халқии туркиро иҷро кард.

Ҷойгоҳи севвум ва ҷоизаи 1000 доллариро се ширкаткунанда соҳибӣ карданд — Шоҳрух Юнусов, Яшар Юсуб аз Озарбойҷон ва Мукамбет уулу Аксай аз Қирғизистон.

Ҷойгоҳи дуввумро Адилет Азимов аз Қирғизистон ва Манолов Николай аз Булғористон миёни худ тақсим карданд.

Ҷойгоҳи аввал насиби Лидия Исак аз Молдова ва Роза Карапетян аз Арманистон шуд. Шоҳҷоизаро Наталя Ал Ганем аз Байҳарйн соҳибӣ кард.

Шоҳрух Юнусови 16-сола аз Конибодом дар ҷашнвораҳои зиёде дар хориҷ аз кишвар ширкат карда соҳиби ҷавоизи байналмиллалӣ шудааст ва ҷоизаи кӯдаконаи "Славяский базар", ҷоизаи нахустини озмуни кӯдаконаи Сан-Ремо дар Италияро ба худ ихтисос додааст.

Дар навори видеоӣ овозхонии қаблии вай дар яке аз ҷашнвораҳо дар Туркия.

Дар 12 солагӣ аз Юнусов ба унвони тенори воқеъӣ ном мебурданд. Баъд аз хатми мактаби миёна вай қасд дорад ба консерватория шомил шавад.

"Вале намедонам ба кадом донишгоҳ биравам — маро дар коллеҷи Фатиҳ ва фарҳангистони Белканто дар Милан интизоранд. Дар дуввуми устоди ман Атҳам Холиқов раҳбари бадеъии ин донишкада мебошад", — гуфт овозхон.

Ба ҳайъати доварони ин ҷашнвора намояндаи Тоҷикистон, овозхони саршиной Бахтиёр Иброҳимов низ шомил буд.

Дар ҷашнвораи байналмиллалӣ 20 овозхон аз кишварҳои мухталиф ширкат карданд. Sputnik Қирғизистон сарпарасти иттилоъотии ин ҷашнвора буд.

Лентаи хабарҳо
0