Шаҳрванди ФР, ки дар марз захм бардошт, беҳтар шудааст

© Sputnik / Павел Паламарчук / Гузариш ба медиабонкАломати роҳ, ки ба қаламрави Украина мутаалиқ будани минтақаро нишон медиҳад. Акс аз бойгонӣ
Аломати роҳ, ки ба қаламрави Украина мутаалиқ будани минтақаро нишон медиҳад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми якшанбе дар хутори Новорусскийи ноҳияи Миллеровкийи вилояти Ростов, дар наздикии гузаргоҳи марзии “Красная Таловка” як шаҳрванди ФР ҷароҳат бардошт.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Шаҳрванди Русия, ки аз силоҳи оташфишон дар наздикии гузаргоҳи марзии "Красная Таловка"-и вилояти Ростов ярадор гардид, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаъ дар доираҳои пизишкии минтақа.

"Саломатии захмишуда дар ҳолати мӯътадил қарор дорад. Ба ӯ ҳама гуна кӯмаки тиббӣ расонида мешавад",- иброз дошт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ҳодиса шоми рӯзи якшанбе дар қаламрави вилояти Ростов иттифоқ уфтодааст. Се мусофири як нақлиёти сабукрав ба назди марзбонон омода хостори кӯмак шудаанд. Яке аз онҳо аз тир захмӣ шуда буд.

Ба қавли ҳамсафарон, онҳо дар кӯли сунъӣ, ки дар қаламрави Русия воқеъ аст, оббозӣ карда, хостаанд дар наздикии гузаргоҳи марзии Украина мавсум ба "Красная таловка" акс гиранд.

Гуфта мешавад, сарҳадбонони украинӣ ба онҳо фармони "ист"-ро дода, сипас ҷонибашон тир андохтаанд. Дар натиҷа яке аз онҳо маҷрӯҳ шуда, ба ҷои амнтар панаҳ бурдаанд. Сипас, ба нақлиёти роҳгузар савор шуда, худро то гузаргоҳи марзии Русия расонидаанд.

Айни замон таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0