Дар даргирие дар маросими арӯсӣ дар Афғонистон 20 нафар кушта шуданд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкАфғонистон. Акс аз бойгонӣ
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даргирии мусаллаҳона дар вилояти шимолии Бағлони Афғонистон дар маҳаллаи Деҳсалоҳ дар 160 километрӣ аз пойтахти кишвар рух додааст.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳудуди 20 нафар кушта ва боз 10 нафари дигар дар пайи даргирие дар маросими арӯсӣ дар шимоли Афғонистон ҷароҳатҳо бардоштаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Синхуа.

Ба иттилоъи пулис ин фоҷеъа дар вилояти шимолии Бағлони Афғонистон дар 160 километрии пойтахти кишвар — шаҳри Кобул рух додааст.

"Дар минтақаи аҳолинишини Деҳсалоҳ маросими арӯсӣ ҷараён дошт, нимашабӣ (01.00 дшб) дар манзил тирпарронӣ сурат гирифт ва дар пайи он 20 нафар кушта ва 10 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштанд", — гуфт ба хабаргузорӣ раиси пулиси маҳаллӣ Гулистон Кхан.

Қурбониёни ин фоҷеъа мардони мулкӣ шудаанд. Ба гуфтаи Кхан пулис феълан авомили ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0