Пешниҳоди Қатар ба Тоҷикистон: таъсиси бонки муштарак бо $500 миллион

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишварҳои арабӣ омода ҳастанд ба Тоҷикистон дар роҳандозии бонкдории исломӣ мусоъидат кунанд ва дар ин гуна муъассисот қарзҳо бидуни суд ва ба шакли сармоягузорӣ ироъа мешаванд ва ҳар ду ҷониб хатароти молиро бо ҳам мебинанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Роҳандозии амалии бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон дар дидори муъовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Дабири кулли Анҷумани ҷаҳонии уламои исломӣ Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ матраҳ шудааст, хабар медиҳад сомонаи БМТ.

Кишварҳои арабӣ омода ҳастанд Тоҷикистонро дар роҳандозии бонкдории исломӣ пуштибонӣ кунанд, зикр кард дар ҷараёни дидор ал-Қарадоғӣ.

"Шароите вуҷуд дорад, ки бонки исломӣ бо ҳазинаи аз 100 то 500 миллион долларӣ бо мушорикати сармоягузорони Тоҷикистон ва Қатар таъсис дода шавад. Мо дар ин замина омода ҳастем шуморо пуштибонӣ кунем ва шуморо барои баррасии ҷузъиёти ин тарҳ ба Қатар даъват мекунем", — гуфт вай.

Ҳамчунин ал-Қарадоғӣ зикр кард, ки бонкҳои исломӣ ва ширкатҳои бима омода ҳастанд дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро фаъол созанд.
Хабар дода мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин пешниҳод доштанд, ки бонки минтақавии сармоягузорие таъсис дода шавад, ки аз хадамоти он бонкҳои дигар истифода карда тавонанд.

Қонуни "Бонкдории исломӣ" дар Тоҷикистон беш аз як соли қабл тасвиб шуда буд ва навҳаи аслии фаъолияти он ироъа қарзҳо бо суд, ки хоси муъассисоти маъмулии бонкӣ мебошад, набуда ҳадафи сармоягузории тарҳиро дорад. Ба ин тартиб қардиҳанда бархе аз хатароти молии тарҳҳои сармоягузориро бар зиммаи худ мегирад.

Лентаи хабарҳо
0