ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои "чаҳоргонаи нормандӣ" дастур доданд, ки то 3 август нақшаи амалии ихроҷи ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина за шаҳраки Широкинои вилояти Донетск таҳия карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии кохи Елисейск.
Зикр шудааст, ки раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина чунин дастурро ба коршиносони Маркази муттаҳида барои назорат ва ҳамоҳангсозӣ (ММНҲ) ва Ҳайъати назоратии (ҲН) САҲА, ки кормандонашон бояд дар ин шаҳр мустақар шаванд, ироъа кардаанд.
Сӯҳбати телевонии раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел, бо раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ва раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко шоми рӯзи панҷшанбе баргузор шуд.