Дар Алмаато селоби шадид канораҳои шаҳрро тахриб кард

© Новости-Казахстан, Анатолий УстиненкоРехтани селоб дар Алмаато
Рехтани селоб дар Алмаато - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қазоқистон селобҳо мошинҳову манозилро тахриб мекарданд. Қурбониён нестанд, вале беш аз 900 нафар ба манотиқи амн кӯч дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Шаби 23 июл дар қисмати ғарбии қторкӯҳҳои Алатоуи Заилийск садди яке аз кӯлҳо тахриб шуда ба канораҳои шаҳри Алмаато селоб рехт, хабар медиҳанд имрӯз расонаҳои Қазоқистон.

Дар пайи гармои шадид селобҳо маҷрои рӯдхонаҳои кӯчакро баста ва онҳо аз соҳилҳои худ берун рафтанд.

Селоби иборат аз сангу лойи 12 метриро садд дар рӯдхонаи Каргалинка нигаҳ дошт.

Дар пайи рехтани селоб дар се навоҳӣ манозил қисман зери об мондаанд. Ба далели боло рафтани мизони оби рӯдхонаи Каргалинка маҳаллоти Каргайли ва Таусамали қисман зери об мондаанд.

Бештар аз ҳама ноҳияи Наврузбой — маҳалли аҳолинишини Чапаево осеб дид. Ҳудуди сад манзил зери об монданд. Қурбониён нестанд, вале беш аз 900 нафар ба манотиқи амн кӯч дода шуданд.

Селобҳо дар як ҳафтаи ахир аҳолии Тоҷикистонро низ азият медиҳанд. Тибқи иттилоъи ахир дар пайи ин офати табиӣ ҳафт нафар кушта ва даҳҳо хонаводаҳо манозили худро аз даст додаанд.

Ҷузъиёти ин офоти табиииро дар матлаби Sputnik бихонед.

Лентаи хабарҳо
0