Ҳукумати Тоҷикистон омори истихроҷи тиллоро махфӣ кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкКони тилло. Акс аз бойгонӣ
Кони тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омори истихроҷи маъодини қимматнок дар Тоҷикистон ҳамакнун ба феҳрасти иттилоъи махфии давлатӣ шомил шудааст ва ҳамакнун танҳо таносуби мизони истихроҷ дар муқоиса бо соли қаблӣ эълом мешаванд.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputniк. Дар Тоҷикистон истихроҷи тилло 80%, нуқра 42% афзоиш ёфтааст, аммо омори миқдории онҳо махфӣ аст ва минбаъд онҳо эълом нахоҳанд шуд, изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири саноат ва фанновариҳои ҷадид Шавкат Бобозода.

Вазир далели чунин амрро тавзеъ надод.

Раиси бахши саноъеи маъдани вазорати саноат Бахтиёр Шарипов тавзеъ дод, ки иттилоъ дар бораи мизони истихроҷи маъодини нодир дар Тоҷикистон расман ба қонуни "Дар бораи иттилоъи давлатии махфӣ" ворид карда шудааст.

Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли гузашта дар Тоҷикистон 3,4 тонна тилло истихроҷ шудааст

"Мо метавонем танҳо дар бораи таносуби фоизии истихроҷи ин маъодин иттилоъ бидиҳем", — зикр кард вай.

Дар нимсолаи аввали соли 2014 истихроҷи тилло дар Тоҷикистон муъодили 1 ҳазору 141,1 килограмм буд. Бо дарназардошти 80% ин нишондод дар соли ҷорӣ эҳтимол дорад ба 2 ҳазору 53,98 килограмм бирасад.

Дар робита ба нуқра мизони истихроҷи он эҳтимол дорад бо навҳаи ҷадиди шумориш дар нимсолаи аввал ба 1,3 ҳазор кг расида бошад.

Бузургтарин тавлидкунандаи тилло ва нуқра дар Тоҷикистон ҳамчунон ширкати муштараки Тоҷикистону Чин "Зарафшон" боқӣ мондааст, ки 60% тавлидоти умумиро дар бар гирифтааст.

Дар соли 2014 дар Тоҷикистон беш аз 3 тонна истихроҷ шуда буд. Дурнамо барои соли ҷорӣ дар ҳамин мизон боқӣ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0