ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Мақомоти тоҷик хабарҳои расонаҳои Қирғизистон мабнӣ бар ихтиёри кишвари ҳамсоя вогузор кардани чаҳордаҳ чоҳи газ дар пайи мушшахас кардани хутути марзиро такзиб карданд, менависад хабаргузории "Авеста".
"Барои дар ихтиёри кишвари ҳамсоя қарор додани чоҳҳои газ комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон бояд санадеро имзо кунанд, вале ин санад вуҷуд надорад", — иқтибос овардааст расона аз суханони вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.
Вазири энержии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба иттилоъи хабаргузорӣ низ ин хабарро такзиб карда изҳор доштааст, ки ҳеҷ гуна вогузор кардани чоҳҳо дар ихтиёри Қирғизистон сурат нагирифтааст.
Муъовини нахуствазири Қирғизистон Абдираҳмон Маматалиев, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини хутути марзӣ мебошад, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид накардааст.
"Ман аз ин изҳороти мақомоти қирғиз огаҳӣ надорам. Танҳо ҳаминро метавонам бигӯям, ки музокрот бо ҳамтоёни тоҷик бо навҳаи хубе идома доранд", — гуфтааст вай дар мусоҳиба бо Озодӣ.
Қаблан сомонаи K-News бо истинод ба муъовини мудири Агентии давлатии геология ва захойири маъдании Қирғизистон Уланбек Рискулов хабар дода буд, ки ба ҳангоми таъйини хутути марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин кишвар 14 чоҳи газ маҳсуб шудаанд.
Феълан ин хабар ҳазф шуда дар сурати талоши пайдо кардани он посух дода мешавад, ки иштибоҳ аст.