ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ба Тоҷикистон танҳо "Ширкати маводди сӯхтӣ" (ШМС) навъи маводди сӯхтии ҳавопаймоӣ ворид мекунад ва даъватҳо барои ворид шудани ширкатҳои дигар ба ин бозор сапрфи назар шудаанд, изҳор дошт муъвоини раиси Идораи зиддиинҳисороти Тоҷикистон Назар Одиназода дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе.
Ба гуфтаи вай "ШМС" ширкати хусусӣ аст, вале бо вуҷуди ин ниҳоди онҳо пешниҳод кардааст, ки чунин инҳисорот лағв карда шавад.
"Мо ду маротиба ин мавзӯъро матраҳ карда, ба ширкатҳои дигар пешниҳод доштем, ки вориди ин бозор шаванд. Вале то ҳол ҳеч иқдоме ба мо ворид нашудааст", — изҳор дошт вай.
Одиназода зикр кард, ки арзиши маводди сӯхтии ҳавопаймоии ТС-1 дар ин муддат 215 доллар арзон шуда ҳоло барои як тонна 1 ҳазору 390 доллар арзиш дорад.
Дар ним соли ахир ба гуфтаи муъовини ин идора ба кишвар 282 ҳазор тонна маводди сӯхтӣ ворид шудааст, ки аз он 20,9 ҳазор тоннааш (7,4%) маводди сӯхтии ҳавопаймоӣ, 121 ҳазор тонна бензин (42%), 125 ҳазор тонна маводди сӯхти дизелӣ (44%) мебошад. 85% маводди сӯхтӣ аз сӯйи ширкатҳои русӣ ворид карда мешаванд.