Мақсуд Иброҳимов, ҳамшарики Қувватов барои 17 сол равонаи зиндон шуд

© SputnikСафҳаи М. Иброҳимов дар Facebook
Сафҳаи М. Иброҳимов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Сомонии пойтахт мухолифи тоҷикро тибқи се моддаи Қонуни ҷиноӣ ба мӯҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон кард ва ҳукми вай ҳанӯз дар авохири моҳи июн содир шудааст.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт раҳбари ҷунбиши "Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳё" Мақсуд Иброҳимовро ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Ҳафтаи гузашта вакили мудофеъ, ҳуқуқдон, раиси Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" Надежда Атаева дар сафҳаи интернетии худ навишта буд, ки Иброҳимов ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Рӯзи панҷшанбе додгоҳ дар баёнияи худ ин хабарро такзиб кард.

Дар додгоҳи ноҳияи Сомонӣ зикр карданд, ки ҳукм дар нисбати Иброҳимов ҳанӯз 24 июн содир шудааст.

Вай дар таъсиси фаъолияти созмони тундгаро, даъвати оммавии фаъолияти тундгаро ва ташкили созмони ҷиноӣ муттаҳам шудааст. Вай 17 соли ҳукмро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.

Иброҳимов дар Москав моҳи январ нопадид шуд ва баъд аз чанд ҳафта Додситонии кулл хабар дод, ки вай дар боздоштгоҳи Душанбе қарор дорад.

Иброҳимови 37-сола зодаи Душанбе, бунёдгузор ва раҳбари ҷунбиши "Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳё" мебошад, ки дар Русия фаъолият мекунад. Ин созмон ба гуфтаи ҷонибдоронаш ба иттиҳоди "Тоҷикистони навин" шомил аст, ки дар Русия аз сӯйи мухолиф Умаралӣ Қувватов бар пояи "Гурӯҳи 24" таъсис шудааст. Ин ҳама созмонҳо ба гуфтаи тарафдоронашон мухолифи давлати Тоҷикистон буда, пайваста изҳороти интиқодӣ мунташир мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0