ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон аз даргузашти Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи кишвар хабар дода, онро бохти бузург барои футболи тоҷик хонд, омадааст дар сомонаи ФФТ.
Ислом Маҳмадшоев, имрӯз, 23-юми июл бар асари бемории вазнин дар синни 35-солагӣ даргузашт.
Манбаъ мегӯяд, Федератсияи футболи Тоҷикистон бо баёни ҳамдардӣ зикр кардааст, ки Ислом Иззатуллоевич Маҳмадшоев 1-уми майи соли 1980 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, солҳои 1997-1999 дар артиши Тоҷикистон хизмат кардааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорат буда, аз соли 2004 дар сохтори ФФТ ба ҳайси мутахассиси бахши байналмилалӣ ба кор оғоз мекунад.
"Аз соли 2009 ҳамчун ёвари дибари кулли ФФТ, аз соли 2012 ҳамчун раҳбари шӯъбаи байналмилалӣ ва аз 2-юми июли соли 2013 ба ҳайси дабири кулли ФФТ кор мекард",-қайд мешавад дар иттилоъи сарчашма.
Ислом Маҳмадшоев соҳиби се духтару як писар буд.