ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар чоҳи кофташуда ширкати "Gazprom international" газ пайдо накард, тасмим гирифта шуд, ки дар нуқтаи дигар корро идома диҳанд, иброз дошт вазири энергетика ва захойири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе.
Чоҳи "Шаҳринав-1п" (6450 метр) дар майдони "Сариқамиш" чуқуртарин чоҳ дар қаламрави Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, аммо интизороти мутахассисонро бароварда насохт.
"Чоҳ натиҷаҳои хуби геологиро барои мутахассисон фароҳам кард, қишри замин, омехтаҳои табиӣ ва таркиби углеводородҳо муайян гардид, аммо газе, ки дар он ҷо дарёфт шуд, аҳамияти саноатӣ надорад",- гуфт вазир.
Усмонзода афзуд, ҳукумат ва аҳолии Тоҷикистон дар интизори газу нафти ватанӣ ҳастанд, зеро ин намуди сарватҳои табиӣ як қатор мушкилоти соҳаи энержиро бартараф хоҳанд кард.
ҶСК "Газпром" ва Тоҷикистон соли 2003 созишномаи дарозмуддат (то соли 2028)-ро дар мавриди ҳамкории стратегӣ ва шартномаи меъёрҳои умумии омӯзиши канаданиҳоро дар соли 2008 ба имзо расониданд.
Сармояи умумии "Газпром", ки дар мавзеъҳои мухталифи Тоҷикистон дар бахши иктишофи геологӣ масраф шудааст, беш аз 5,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.