Дар Душанбе фаъолияти ду қиморхонаи ғайрирасмӣ масдуд шуд

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду сокини Душанбе тасмим гирифтаанд ба тиҷорати қимрохонаии мамнӯъ машғул шаванд ва маъмурони милитсияи пойтахт аз фаъолияти онҳо ҷилавгирӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Фаъолияти ду қиморхонаи ғайрирасмӣ дар Душанбе масдуд шуда, ташкилкунандагони онҳо боздошт шудаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД Тоҷикистон.

"Ду сокини пойтахт аз сӯйи маъмурони милитсия зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ ба иттиҳоми ташкили фаъолияти ғайрирасмии қиморбозӣ боздошт шуданд", — омадааст дар хабар.

Боздоштшудагон сокинони пойтахт будаанд. Тоҷирони "қимор" таҷҳизоти қиморбозиро дар зербаноҳои марокизи тиҷоратӣ ҷой дода, ба он ҷо аҳолии маҳаллиро даъват мекарданд. Куллияи суди ин фаъолияти ғайриқонунӣ ба нафъи ташкилкунандагон мерафт.

Дар ин маворид парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи онҳо идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0