Тоҷикистон Дурнамои ҷадиди сиёсати хориҷиро қабул кард

© wikimedia.orgКохи "Миллат" дар Душанбе
Кохи Миллат дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар мақолаи худ сиёсати ҷадиди хориҷии кишварро шарҳ дода, таваҷҷӯҳи асосиро ба тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ равона сохтааст.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон Дурнамо (Консепсия)-и нави сиёсати хориҷии кишварро қабул карда, вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов онро шарҳ дод, менависад сомонаи ВКХ ҶТ.

Консепсия ҷадид аз сӯи райисҷумҳур тасдиқ шудааст.

Даъвати Аслов барои ширкат дар ҷаласаи Ҷунбиши адами тааҳҳуд

"Таҷрибаи роҳандозии сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ дар тӯли солҳои истиқлолият нишон дод, ки ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни олам ва қутбҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ба таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва касби ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Идомаи ин сиёсат, ки  муносибати неки Тоҷикистонро ба ҳама миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳон ва барқарории ҳамкориҳои мутақобилан судманди онро бо ҳамаи шарикони минтақавию байналмилалӣ ифода мекунад, дар марҳилаи ҳассоси сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳони имрӯз низ ба манфиатҳои олии давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст",- омадааст дар мақолаи вазир.

Санади мазкур аз чор фасл: "Муқаррароти умумӣ", " Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ", "Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии ҶТ" иборат аст.

Гуфтанист, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2002 Дурнамои сиёсати хориҷии худро тасдиқ ва мавриди амал қарор дода буд, ки он моҳиятан ҳикмат ва ҳадафҳои фаъолияти давлатро дар арсаи байналмилалӣ таҷассум намуда, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои миллии кишварро муайян мекард.

Зарурати таҳия ва қабули Консепсияи ҷадиди сиёсати хориҷии ҶТ

Ба назари оқои Аслов, дар тӯли марҳилаи беш аз даҳсолае, ки аз қабули Консепсияи сиёсати хориҷӣ гузашт, дар минтақа ва ҷаҳон раванди босуръати таҳаввулоту дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятӣ идома пайдо кард.

"Таҳдиду чолишҳои гуногун, бахусус доман густурдани терроризми байналмилалӣ, боло гирифтани тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, зиёд шудани тавлиди маводи мухаддир ва қочоқи он, тавсеаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ чун авомили барҳамзанандаи амну субот боиси нигарониҳои беш аз пеш гардид",- меафзояд вай.

Ҷаноби Аслов ба шарҳи асосҳои консептуалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар боби   "Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ" гузашта, таъкид мекунад, ки ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ чун ҳадафи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян шуда, роҳҳои амалишавии ин ҳадаф, аз ҷумла фароҳамсозии шароити мусоиди берунӣ ҷиҳати рушду инкишофи устувори кишвар дар роҳи пайдо кардани ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар раванди ҳалли иҷрои вазифаҳои авлавиятноки ин сиёсат дониста мешавад.

Қабул шудани Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатиро водор месозад, ки саъю кӯшишашонро ба амалӣ намудани муқаррароти ин санади муҳим равона намуда, ба ин васила дар татбиқи сиёсати хориҷӣ саҳми муносиб гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0