ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Куллияи маболиғи фурӯши чиптаҳои бозии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон миёни тимҳои "Помир" (Душанбе) ва "Равшан" (Кӯлоб) ба суди осебдидагони ҳаводиси табиӣ мунтақил мешавад, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.
"Қимати чипта ба бозӣ, ба куллияи бахшҳо ба ҷуз аз қитъаи сабз 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Ба қитъаи сабз низ чиптаи вижаи арзишаш 50 сомонӣ пахш мешаванд", — омадааст дар хабар.
Бозӣ 26 июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соъати 18.00 оғоз мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон куллияи мухлисонро ба ин бозӣ даъват мекунад.