Раҳпаймоие, ки ба ташаббуси ҳаракати "Самти рост" дар шаҳри Киев, пойтахти Украина сурат пазируфт, бе ягон ҳодисаи фавқулодда анҷом ёфт ва ширкатдорони ҳамоиши беш аз се ҳазор нафарӣ шиорҳои зиддирусӣ, интиқоди ҳукумати маҳаллӣ ва даъват барои сарнагунии ҳокимияти феълиро мекарданд.
Қаблан раҳбари "Самти рост" оқои Ярош изҳор дошта буд, ки ҳамоиш бояд ба украиниҳо "роҳи дурусте барои идомаи ислоҳоти инқилобӣ дар давлатро нишон бидиҳад". Ба назари ӯ, ин кор асосан ба расмӣ сохтани фаъолияти ихтиёриён анҷом мепазирад.
Қобили қайд аст, ки моҳи ноябри соли 2014 Додгоҳи олии Федератсияи Русия фаъолияти ин созмонро (манзур "Самти рост" аст- шарҳи идора) дар қаламрави Русия тундгаро эълом ва мамнӯъ эълом кард. Дар моҳи январ "Самти рост" ба феҳрасти созмонҳои фаъолияташон дар Русия табӯ ворид карда шуд.