https://sputnik.tj/20150722/1016101600.html
Маркази ҳавошиносӣ: хатари селобҳо боқӣ мемонад
Маркази ҳавошиносӣ: хатари селобҳо боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Болоравии мизони гармо, ки дар манотиқи кӯҳистони тӯли чанд муддати тӯлонӣ идома дошт, далели аслии рух додани офоти табиӣ шудааст. Барои бори ахир чунин гармо... 22.07.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-07-22T13:26+0500
2015-07-22T13:26+0500
2021-07-07T18:12+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, ҷамила байдуллоева, маркази ҳавошиносӣ, рашт
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, ҷамила байдуллоева, маркази ҳавошиносӣ, рашт
Маркази ҳавошиносӣ: хатари селобҳо боқӣ мемонад
13:26 22.07.2015 (Навсозишуда: 18:12 07.07.2021) Болоравии мизони гармо, ки дар манотиқи кӯҳистони тӯли чанд муддати тӯлонӣ идома дошт, далели аслии рух додани офоти табиӣ шудааст. Барои бори ахир чунин гармо дар Тоҷикистон 70 сол қабл, дар соли 1944 мушоҳида шудааст.
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Моҳҳои июл ва август дар Тоҷикистон гарм хоҳанд буд, навиштааст хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раиси Маркази ҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева.
"То авохири моҳи июл дар бархе аз манотиқи кишвар, аз ҷумла дар Хатлон, Суғд, навоҳии тобеъи марказ дамои ҳаво то 40 дараҷа гарм
мешавад. Дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳарчанд ба далели боронгариҳо дамои ҳаво то 10 дараҷа пойин рафт, дубора 5-9 дараҷа, то 32 дараҷа гарм мешавад", — хабар дод Байдуллоева.
Ба иттилоъи вай дар бархе аз рӯзҳои моҳи август дар водиҳо дамои ҳаво то 40-42 дараҷа ва дар манотиқи наздикӯҳт ҳаво тто 30-33 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи Байдуллоева, болоравии дамои ҳаво дар манотиқи кӯҳистонии кишвар далели аслии вуқӯъи офоти табиъйӣ шудааст.
"Хатари муҷаддади рух додани ин селобҳо вуҷуд дорад, зеро дар доманакӯҳҳои пиряхҳои бузургу кӯчак кӯлҳое пайдо шудаанд, ки дар онҳо оби яхчолҳои табиъйӣ ҷамъ шудааст. Мо бояд омода бошем", — хулоса кард Байдуллоева.
Дар пайи ҳаводиси табиъйӣ дар ноҳияи Шуғнон 72 манзили сокинон комилан тахриб шуда, дар ноҳияи Рашт миқдори чунин манозил 50 адад шудааст, ки аз онҳо 15 манзил қисман тахриб шудаанд. Теъдоди қурбониёни ин ҳаводис 7 нафар будааст — 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар Рашт.
Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ мизони хисорот аз селобҳо дар кишвар 600 миллион сомонӣ шудааст (ҳудуди $100 миллион).
Барои бори ахир чунин гармо дар Тоҷикистон 70 сол қабл дар соли 1944 мушоҳида шудааст.