Садама дар Красноярск: 23 июл Рӯзи мотам эълом шуд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкДар маҳалли садамаи нақлиётӣ дар кишвари Красноярск
Дар маҳалли садамаи нақлиётӣ дар кишвари Красноярск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тасодуми бузург дар кишвари Красноярск рух дода дар ин садама даҳҳо нафар осеб диданду ниҳодҳои наҷот ба зарардидагон кӯмак мекунанд ва раиси минтақа рӯзи панҷшанберо Рӯзи мотами кушташудагон эълом кард.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Раҳбари кишвари Красноярск Виктор Толоконский 23 июлро Рӯзи мотами қурбониёни садамаи автобус бо мошини боркаш эълом кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии раҳбарияти ин минтақа.

Ин тасодум субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар километри 701-уми шоҳроҳи М53 «Байкал» рух дод: дар наздикии маҳалли аҳолинишини Шишково автобус бо мошини боркаш бархӯрд. Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ дар пайи ин ҳодиса 11 нафар кушта ва 29 нафар осеб дидаанд. Дар автобус ҳамагӣ 43 нафар мусофир бо шумули 5 кӯдак қарор доштанд.

"Толоконский тасмим дар бораи эъломи 23 июли соли 2015 Рӯзи мотами кушташудагони садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Козулскро имзо кард… Раиси ва дафтари раёсат, ҳукумат ва ҷаласаи қонунбарори кишвар аз кушта шудани ин теъдод мардум андӯҳгин буда ба пайвандони ин афрод изҳори тасаллият мекунанд", — омадааст дар хабар.

Раҳбари минтақа ба вазорати тандурустӣ дастур додааст, ки ба осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ ихтисос дода шаванд. Ба вазорати сиёсати иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти маҳаллӣ дастур дода шудааст, ки ба осебдидагон ва хонаводаҳои кушташудагон кӯмакҳо ироъа кунанд.

Ин дуввумин тасодуми бузург дар минтақа дар як моҳи ахир аст. 9 июл дар километри 143 шоҳроҳи "Енисей" автобуси хурди Mercedes Benz ва автобуси Hyundai бархӯрд карданд ва дар дохили ин автобус 24 нафар мусофирон буданд. 11 нафар кушта шуданд ва нӯҳ нафари дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Он замон низ мақомот Рӯзи мотам эълом карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0