Тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Токио

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои ВКХ ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКХ ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарҳи мазкур дар ҳошияи пружаи ҳукуматӣ баҳри рушди захираҳои инсонии кишвар таҳия шуда, ба кормандони ҷавон имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Душанбе рӯзи сешанбе маросими табодули Ёддоштҳо байни вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири Ҷопон дар ҶТ Такаши Камада сурат пазируфт, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКХ.

Ба иттилоъи манбаъ, зимнан санад оид ба тарҳи рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон аз сӯи ҷонибҳо ба имзо расид.

Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур имзои созишномаи бурсӣ байни  вазири корҳои хориҷӣ ва роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Киёши Ишии баргузор гардид.

Барномаи омӯзишии рушди захираҳои инсонӣ  ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои қонунгузорӣ, иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ равона шудааст.

Тарҳи мазкур дар ҳошияи пружаи ҳукуматӣ баҳри рушди захираҳои инсонии кишвар таҳия шуда, ба кормандони ҷавон имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0