Ярош: вече ба мардум масири дурусте барои ислоҳот дар давлатро медиҳад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкРаҳбари "Самти рост" Дмитрий Ярош. Акс аз бойгонӣ
Раҳбари Самти рост Дмитрий Ярош. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари созмони миллатгарои “Самти рост” бар ин назар аст, ки равандҳои инқилобӣ дар Украина ба сурати зарурӣ анҷом наёфтааст ва қасд дорад аз вечеи имрӯза барои раҳбурди дурусти мардум истифода кунад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вече, ки ба ибтикори "Самти рост" рӯзи сешанбе дар Киев даъват шудааст, ба мардум масироти дурустеро барои ислоҳоти инқилобӣ дар давлат нишон медиҳад, изҳор дошт раҳбари ин созмони миллатгаро Дмитрий Ярош.

"Барои мо мусаллам аст, ки инқилоби Майдан анҷом наёфтааст ва ҳаводиси Мукачево ин нишони бади анҷом наёфтани равандҳои инқилобӣ мебошад, — изҳор дошт Ярош, ки тавзеъоташ дар сафҳаи ин созмон дар Facebook мунташир шудааст. — Мо вечеро ба манзури ироъаи масирот ба мардум барои идомаи раванди ислоҳоти инқилобӣ дар давлат даъват кардаем. Ин ба мушорикати мустақими халқ дар давлатдорӣ ва расмӣ сохтани фаъолияти интиёрон буда, пуштибонии ҷунбиши ихтиёрон ва ислоҳоти ҳамаи бахшҳоро рабт дорад".

"Ин тими қадимиву ҷадид, ки сари фармон аст, қодир нест, ки ислоҳоти иҷтимоиро анҷом бидиҳад, ин амр ба раиси ҷумҳур, ҳукумат ва порлумон рабт дорад", — изофа кард Ярош.

Аъзои "Самти рост" 11 июл бо милится ва тоҷирони маҳаллӣ дар шаҳри Мукачевои вилояти Закарпатеи Украина вориди даргирӣ шуданд: тирпарронӣ аз автоматҳо ва гранатометҳо сурат гирифт. Тибқи иттилоъи ахир чаҳор нафар кушта ва 14 нафари дигар захмӣ шуданд. Муҳоҷимон дар бешазор панаҳ бурда изҳор доштанд, ки танҳо дар сурати дастури раҳбарашон Дмитрий Ярош силоҳи худро таслим месозанд. Онҳо ин аъмоли худро бо мубориза бо қочоқ, ки ба эътиқодашон ба ин амр мақомоти маҳаллӣ низ даст доранд, марбут медонанд. Дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи тирпарронӣ дар Мукачево чаҳор нафар бо рамзҳои "Самти рост" боздошт шудаанд.

"Самти рост" — иттиҳоди украинии созмонҳои тундгарои миллатгаро мебошад. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2014 ҷангҷӯёни ин ҷунбиш дар даргириҳо бо милитсия ва ғасби биноҳои маъмурӣ мушорикат ва аз моҳи апрели ҳамон сол дар ҷилавгирӣ аз эътирозот дар шарқи Украина ширкат кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0