ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Маъмурони иктишофии пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлае ӯрдугоҳи "террористон"-ро дар ҷараёни тамриноти кӯҳӣ бо мусоидати дронҳо забт карданд, хабар медиҳад РИА Новости рӯзи сешанбе бо истинод ба маркази матбуотии Минтақаи марказии низомӣ.
"Ниҳодҳои иктишофии пойгоҳи 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, дар ҷараёни тамриноти кӯҳистонӣ дар пайи ҳамла ӯрдугоҳи аслии гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки дар минтақаи кӯҳистонии Арактау ошкор шуданд, забт карданд", — омадааст дар хабар.
Зикр мешавад, ки ахиран гурӯҳи маъмурони иктишофӣ бо мусоъидати васоили бидуни сарнишини фазоии "Леер-2" аз роҳравҳои кӯҳистони гузари 20 километрӣ анҷом дода ба маҳалли махфигоҳҳои силоҳ расиданд.
"Аз баландиҳо постгоҳҳо ва нозирон маҳв шуда сипас гурӯҳи ҳамла афроди мусаллаҳро асир ва аснод, анбори маводди мунфаҷира, маводди мухаддир ва адабиёти тундравонаро ғанимат гирифтанд", — омадааст дар хабар.
Ба иттилоъи маркази матбуотӣ, низомиён дар ҷараёни ин машқҳо ҳамчунин навҳаи ҳаракати норӯшан тавассути қуллаҳову дараҳо бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳнавардиро тамрин кардаанд.