Аваков: Украина низоми ҷустуҷӯии ИДМ-ро тарк мекунад

© Sputnik / Александр Максименко / Гузариш ба медиабонкВазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков. Акс аз бойгонӣ
Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Киев аз тавофуқоти кофтукоби ҷинояткорон, ки дар чорчӯби ИДМ роҳандозӣ шудааст, мебарояд ва пешниҳод месозад, ки шурӯъ аз моҳи августи соли равон аз низоми Интерпол истифода шавад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, кишвараш аз низоми ҷустуҷӯи ҷинояткорон дар чорчӯби ИДМ мебарояд, ба ҷои ин пешниҳод месозад, ки аз барномаи Интерпол истифода шавад, менависад РИА Новости дар такя ба "Известия".

"Сарвари мақомоти дохилаи Украина тасмим дорад ба Русия пешниҳод кунад, ки шурӯъ аз моҳи август ба кофтукоби ҷинояткорон тариқи барномаи Интерпол оғоз намоянд",-иттилоъ медиҳад "Известия".

"Украина яке аз ҷонибҳое буд, ки созишномаи мазкурро имзо карда буд. Пас аз ин ҳама корҳое, ки анҷом ёфтанд ва сол аз сол манбаъи иттилоот дар бораи ҷинояткорон зиёдтар мегардад, ҳамсояи мо "дарро сахт мепӯшанд", — иброз дошт ҳамсӯҳбати "Известия" дар ВКД ФР.

Ба иттилоъи нашрия, дар ҳоли ҳозир чаҳор созишномаи ҳамкории ҳуқуқӣ миёни мақомоти Русия ва Украина амал мекунад. Тайи шаш моҳи ахир бошад, додситонии кулли Русия 25 қарори истирдод ба Украинаро ба тавсиб расонидааст. Дар навбати худ, ҷониби Украина 12 фирориро ба Русия таслим кардааст.   

Лентаи хабарҳо
0