Номаи Эмомалӣ Раҳмон унвонии Раҷаб Тайиб Эрдуғон

© AP / Ozcan SoysalЯк маҷруҳ дар шаҳри Сураҷи Туркия
Як маҷруҳ дар шаҳри Сураҷи Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи як таркиш дар Туркия 27 нафар кушта ва наздики 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти он кишвар ин амалро террористӣ унвон карданд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар робита ба амали интиҳорӣ, ки ахиран дар он кишвар рух дод ва боиси марги наздики 30 нафар шуд, изҳори таслият кардааст, менависад сомонаи президент.

"Дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори инфиҷори мудҳишро дар шаҳри Суруҷи Туркия, ки муҷиби қурбонии даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани теъдоди зиёди онҳо шудааст, бо андӯҳи бузург қабул намуданд. Ин амали таассуфангези ғайриинсонӣ зарурати идомаи муборизаи беамони сарҷамъонаи аҳли башарро алайҳи "вабои аср" — терроризм қотеъона таъкид менамояд", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Вай дар идомаи номааш бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми Туркия аз Эрдуғон хоҳиш кардааст, то "ҳамдардии моро" ба наздикони шуҳадо бирасонад. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар интиҳои номааш ба маҷрӯҳшудагон шифои комил орзу кардааст.

20 июл бар асари як амалиёти террористӣ дар шаҳри Суруҷи Туркия, воқеъ дар наздикии марзи Сурия 27 нафар ҳалоку қариб 100 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Таркиш соати 13:45 ба вақти Душанбе дар ҷанубу шарқии Туркия ба вуқӯъ пайваст. Тибқи фарзияи қаблӣ, террористи маргталаб маводи мунфаҷираро дар даромадгоҳи қаҳвахонаи маркази фарҳангии мавсум ба "Амара" ба кор андохтааст. Баъд аз инфиҷор сӯхтор ба вуқӯъ пайваст, ки онро дар муддати кӯтоҳ хомӯш карданд.

Қаблан, аъзои парлумони Туркия Фикрат Била гуфт, ин амалиёт алайҳи курдҳое равона гардида буд, ки тасмими рафтан бо Сурия ва муқовимат бо "Давлати исломӣ"-ро гирифта буданд.

Лентаи хабарҳо
0