ВАО: Ҷалолиддин Маҳмудов ба панҷ соли зиндин маҳкум шуд

© SputnikАкси Ҷалолиддин Маҳмудов дар сомонаи расмии ҲНИТ
Акси Ҷалолиддин Маҳмудов дар сомонаи расмии ҲНИТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии ҲНИТ зимни ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, худро гунаҳкор меҳисобад ва аз додрас хостааст, нисбаташ ҳукми одилона содир кунад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ба 5 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Муҳиддин Кабирӣ дар порлумон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад

Ин ҳукм рӯзи душанбеи 20 июл қироат шуд ва додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки Маҳмудов дар маҳбаси низомаш пурзӯр адои ҷазо намояд.

Ин узви ҲНИТ бар асоси модаи 195, қисми 2, бандҳои "б" ва "в", яъне ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ гунаҳкор доиста шуд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Ҷалолиддини Маҳмудов 6 солу шаш моҳи зиндонро талаб карда буд.

Ҳамчунин додгоҳ Истам Саъдуллоев ва Обид Назриев, ҳамсояҳои Маҳмудовро бо моддаи 347, қисми 1, яъне хабар надодан ба мақомот, ба пардохти ҷарима ҳар кадоме ба 100 нишондод, яъне 4 ҳазор сомонӣ, ҳукм кард.

Чанд соат пеш аз содир шудан ҳукми додгоҳ, Ҷалолиддини Маҳмудов зимни ироаи сухани охирини худ хитоб ба додрас гуфт, ки "аз шумо хоҳиш дорам, ки синну солам, як фарзанди ноболиғам ва хизматҳоям ба халқу миллатамро ба назар гирифта ва нисбатам ҳукми одилона содир кунед",- менависад "Озодӣ".

Дархости вакилони Ҷамолиддин Маҳмудов рад шуд

"Ҳар чӣ шумо содир кунед, ман розиям ва ба адолати додгоҳӣ бовар дорам", — афзудааст Маҳмудов дар идомаи хитобаш ба додрас.

"Шоҳидоне, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ шоҳидӣ доданд, аз хизмату фидокориҳоям барои халқу миллатам ҳарф заданд ва қасди ман ҳам хизмат кардан ба миллату давлат аст", — гуфтааст ин узви ҲНИТ.

Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуда буд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки ҷаноби Маҳмудов бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҲНИТ узви Кумиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъин шуда буд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз ин боздошт бо баргузории нишасти Шӯрои сиёсияш боздошти Ҷалолиддин Маҳмудовро дар остонаи интихоботи парлумонии 1 март аз қабл "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва аз мақомот хост, то "масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар аз боздошт раҳо намоянд."

Лентаи хабарҳо
0