Сел дар Ванҷ панҷ нафарро бе ному нишон кард

© Предоставил Шох РахматшохОқибати сел дар Бадахшон
Оқибати сел дар Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари фаромадани сел дар бархе аз мавзеҳои ноҳияи Ванҷ панҷ мусофири як худрав ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Шаби 20 ба 21 июл дар пайи фаромадани сел дар мавзеи байни деҳаҳои Бунай ва Рави ноҳияи Ванҷи Бадахшон ду мошин зери сел монда, панҷ мусофири худрави тамғаи "Старекс" бе ному нишон гардидаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Манобеи ин расонаи давлатӣ дар Ванҷ хабар додааст, ки субҳи 21 июл ҷасади яке аз онҳо ёфт шуда, ҷустуҷӯи чор тани дигар идома дорад.

"Ҳоло сокинон барои наҷоти зери селмондагон дар мавзеи ҳодиса қарор доранд. Мусофирони дигари ин мошин ва як худрави тамғаи "Опел" ба ҳар васила худро аз дохили мошин берун карда ва ҷон ба саломат бурдаанд", — омадааст дар хабари сомона.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сокинони Рашт шаби гузашта сел дар рустои Бедаки ин минтақа шаст манзилро вайрон карда, ҷони як сокини 28-соларо низ гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0