Вазорати фарҳанг таҳияи Барномаи рушди фарҳангро ба анҷом расонид

© Sputnik / АМир ИсаевШамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ин барномаи барои солҳои 2016-2020 таҳия шуда, феълан барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол гардидааст.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Барномаи рушди фарҳангро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол кардааст, мегӯяд вазари фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода.

«Tajikistan, Peoples & Landscapes» - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон

"Ин барнома барои солҳои 2016-2020 таҳия шудааст ва мо умедворем, ки ҳукумат баъд аз баррасӣ онро мепазирад", — гуфт зимни нишасти хабарии 20 июл вазири фарҳанг.

Аммо ҷаноби Орумбекзода тавзеҳ надод, ки мушаххасан ин барнома чӣ нукотеро дар бар гирифтааст.

Ҳамзамон дар ин нишаст, вазири фарҳанг роҳандозии рақси духтарон бо тани нимбараҳна дар бархе аз муассисаҳои дилхушию тарабхонаҳои кишварро интиқод намуд.

Орумбекзода гуфт, ҳамаи эродҳо дар мавриди рақси духтарони нимбараҳна дар бархе аз муассисаҳои кишвар қобили қабуланд ва зарур хонд, ки назорат дар ин самт пурзӯр карда шавад. Аз ҷумла ба гуфтаи Орумбекзода Вазорати фарҳанг низ бояд нисбати ин зуҳурот бетараф набошад.

Дар Кувайт бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд

"Мо ин масъаларо зери назорат мегирем, шояд рейдҳо ҳам гузаронем", — афзуд вазир.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон хабари шабона ба рақс машғул шудани як духтари 14-соларо дар Душанбе зикр кард, ки ба иттилои мақомот, ба ҷои рафтан ба дарс давоми чанд моҳ шабона дар тарабхона рақс мекардааст.

Дар баробари ин вазири фарҳанг риояи фарҳанги либоспӯширо ҳангоми рафтан ба китобхона зарур хонда, аз манъи рафтан ба Китобхонаи миллӣ бо либоси варзишию хонагӣ истиқбол намуд. Ӯ гуфт, дар фарҳанги тоҷикон бо либоси варзишӣ ба варзишгоҳ мераванд ва ҳангоми рафтан ба китобхона бояд либоси мувофиқ ба бар кард.

Лентаи хабарҳо
0