ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода бар ин назар аст, ки роҳсозони тоҷик дар якҷоягӣ бо ширкатҳои Чин, Туркия ва Эрон қитъаи роҳи алтернативии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулмаро тайи 10 рӯзи баъд ба истифода хоҳанд дод, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
"Ин қитъаи нав — алтернативаи роҳи харобшудаи Мурғоб мешавад, ки дар паи офатҳои табиии чанд рӯзи гузашта аз истифода баромадааст",- меафзояд манбаъ.
Ба гуфти вазир, корҳои пармакунӣ ва тахту ҳамвор кардани қисмати роҳ дар мавзеи Бердибекободи ноҳияи Шуғнон аллакай оғоз шудааст. Як қисмати таҷҳизоти роҳсозӣ ба маҳал оварда шуданд ва қисмати дигар аз Душанбе дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Бадахшон мебошанд. "Дар ҳоли ҳозир дар авлавияти кори онҳо боз кардани роҳ мебошад ва баъдан ба таври стандартӣ ба сохтмони ин роҳ идома хоҳанд дод",-қайд кард Ганҷалзода.
Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати вилояти Бадахшон Нилуфар Асланшоева ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ширкати "China Roаd" ва чанд ширкати эронӣ ва туркӣ тасмим гирифтаанд, ки дар зарфи 10 рӯзи оянда тавассути мавзеи Бердибекобод роҳро боз намоянд.
"Интизор меравад, баъд аз даҳ рӯз ҳаракати мошинҳо тавассути ин шоҳроҳ пурра таъмин карда шавад",- гуфт Асланшоева.
Баъд аз сели харобиовари 16 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Шуғнон нахуствазир, вазирони корҳои дохилӣ, нақлиёт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва масъулони дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ба Бадахшон рафта, аз маҳалҳои селзада боздид намуданд.
Дар пайи ин сел бар иловаи манзили сокинон як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дуним километр роҳи байнулмилалии Душанбе-Мурғоб, 2 километр роҳи мошингарди маҳаллӣ ва 4 километр хатти интиқоли нерӯи барқ хароб шуданд. Бино ба ҳисоби пешакӣ ҳаҷми хисороти сел дар Шуғнон 19 миллиону 353 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллар будааст.