ВАО: ҷангиён дар Ироқ варзишгоҳи олимпиро таркониданд

© AP / Raqqa Media Office, FileҶангии ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Ҷангии ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” дар шабакаи интернет аксҳоеро аз инфиҷори варзишгоҳи шаҳри Рамодии Ироқ ба маъраз гузоштанд. Тибқи маълумот онҳо барои тарконидани иншоот беш аз ҳазор тонна маводи мунфаҷираро истифода кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Пайравони "Давлати исломӣ" дар Рамодии Ироқ варзишгоҳи олимпиро таркониданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

СММ: 25 ҳазор хориҷиён алайҳи ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд

Тибқи навиштаи ВАО, ҷангиён барои кафондани варзишгоҳ 3,5 ҳазор тонна маводи мунфаҷираро истифода карда, қабл аз таркиш макони ҳодисаро тарк кардаанд. Таркиш баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст.

Аксҳои таркиши варзишгоҳро ҷангиёни "ДИ" дар шабакаи интернет ба нашр расониданд, хабар медиҳад телевизиони Alhurra.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"  тайи се сол аксари қаламрави Ироқ ва Сурияро забт карда, мавзеъҳои таҳти тасарруфи онҳо масоҳати беш аз 90 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ба иттилоъи расида, дар суфуфи артиши ин ташкилот беш аз 200 ҳазор ҷангиён меҷанганд.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"

 

Лентаи хабарҳо
0