Дар Душанбе се шаҳрванд бо як килограмм ҳероин боздошт шуданд

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкҲероин. Акс аз бойгонӣ
Ҳероин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони милитсияи пойтахт се нафар ҷинояткорро бо миқдори бузурги маводди мухаддир боздошт карда бозрасон бозпурсии ин афрод барои ошкор кардани манбаъи вуруди ин миқдор ҳероин ба кишварро идома медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дар пойтахти Тоҷикистон се марди ҷавон боздошт шудаанд, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Ду нафар аз онҳо — сокинони 19 ва 20 солаи пойтахт қаблан низ барои ғоратгарӣ муҷозот шудаанд.

"Ҳангоми боздошт аз ин ду нафар 864 грамм ҳероин кашф ва мусодира шуд. Ба ҷуз аз ин дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ ҳамон рӯз фарди севвуми шарики онҳо боздошт шуд — сокини 32 солаи ноҳияи Шаҳринав боздошт шуда ва аз ӯ 108 грамм ҳероин мусодира шуд", — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Зикр шудааст, ки боздоштшудаи севвум низ қаблан бо моддаи 237 (тахрибкорӣ) ҷонуни ҷиноӣ муҷозот шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0