ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии бунёд иттилоъро дар мавриди фалаҷ шудан ва ба яке аз бемористонҳои Маскав мунтақил гардидани Михаил Горбачёв такзиб кард.
Қаблан дар сомонаи Life News хабаре нашр шуд, ки Горбачёв "қисман фалаҷ шуда" ва дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав муолиҷа мешавад.
"Ҳамаи ин нодуруст аст, ман дирӯз дар маҳалли кор, дар бунёд будам. Горбачёв бо коршиносони байналмилалӣ мулоқот дошт… Ӯ дар касалхона нест",- иброз дошт аснои сӯҳбат бо РИА Новости роҳбари шӯъбаи байналмилалӣ ва иртибот бо ҷомеъаи "Бунёди Горбачёв" Павел Палажченко. Ӯ қайд кард, ки Горбачёв ҳамеша дар бунёд ҳузур дорад.
"Дирӯз ба ман занг заданд, ман ба онҳо гуфтам, ки ин дурӯғ аст. Аммо хабарнигорон боз ҳам ҳангома карда, иттилоъи нодурустро пахш мекунанд",- афзуд Палажченко.
Аввалин ва охирин президенти ИҶШС (СССР) Михаил Горбачёв чанд моҳ пештар ба синни 84 қадам ниҳод. Ҳоло ӯ роҳбарии "Бунёди Горбачёв"-ро ба зимма дорад.