Сухани охирини Зайд Саидов дар додгоҳ

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкории зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки зерҳимояашонро “сафед” намояд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рӯзи душанбеи 20 июл қарор аст соҳибкор Зайд Саидов бо сухани охирини худ дар Додгоҳи олӣ баромад кунад ва баъди ин ҳукми ӯ эълон мешавад, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Бинои СММ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номаи вакилони Зайд Саидов ба СММ

Соҳибкори маъруф, ки декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, аз рӯи парвандаи дуюм дар сохтакории ҳуҷҷат, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз муттаҳам мешавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар суханронии ахири худ дар оғози моҳи июл гуфт, ки дар мурофиа кулли гуноҳҳои Саидов исботи худро ёфта, аз додрас тақозо кард, ки нисбати соҳибкори зиндонӣ  25 соли ҳабс ва 34 миллион сомонӣ ҷарима ҳукм кунад. Парвандаи Зайд Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод ба додгоҳ ирсол шудааст. Аз рӯи шикояти ҳамин ниҳод соли 2013 Зайд Саидов барои тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мақом ва бисёрзанӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд ва ҷаноби Саидов ҳам дар додгоҳе, ки ҳоло ҷараён дорад, аллакай ба унвони маҳкумшуда аз рӯи ҳукми додгоҳи аввал иштирок мекунад.

Иттиҳоми нав: Зайд Саидов ба буҷа $10 миллион зарар расонидааст

Қаблан Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов ба расонаҳо гуфта буд, вай дар мурофиае, ки рӯзи панҷшанбеи 16 июл баргузор шуд, зимни охирин суханронии вакилони мудофеъ исбот намуд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи зерҳимояи ӯ асоси воқеӣ надоранд ва аз ин рӯ аз додгоҳ хоҳиш кард, ки Зайд Саидов сафед карда шавад. Айбдоркунандаи давлатӣ аз ин пеш дар баромади худ гуфта буд, ки гуноҳҳои соҳибкор исбот шуданд.

Ҳамонтавре, ки дар додгоҳи аввал гуфта буд, ин навбат ҳам соҳибкор ба бегуноҳии худ исрор меварзад ва аз Додгоҳи олӣ алаб хоҳад кард, ки  парвандаи ӯ аз нав ва мунсифона баррасӣ ва муҳокима шавад. Ба иттилои Исҳоқ Табаров, Додгоҳи олӣ бо назардошти мусодираи амволи корхонаи "Тоҷикатлас" даъвои шаҳрванди Ветнамро бекор ва парвандаро қатъ кардааст.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 маи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0