ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. 19 июл ходими давлатӣ ва сиёсии шӯравию Русия, собиқ раиси Думаи давлатӣ Геннадий Селезнёв дар синни 68- солагӣ даргузашт.
"Имрӯз дар синни 68-солагӣ дар Маскав Геннадий Селезнёв раиси Думаи давлатии даъвати дуввум ва севвум даргузашт. Геннадий Николаевич воқеъан тӯли чанд моҳи ахир бо бемории сангине муқобала мекард. Пизишкон барои наҷоти вай иқдомоти зиёде масраф карданд, вале субҳи имрӯз қалби вай аз таппиш бозмонд", — гуфт ба РИА Новости рӯзи якшанбе домоди вай Андрей Андреев.
Дар авоили моҳи июл раиси собиқи Думои давлатии Русия Геннадий Селезнёв дар бемористон бистарӣ шуд. Ба навиштаи расонаҳо расонаҳо далели бистарӣ шуданаш вазъи вахими баъд аз сармо хӯрдани шушҳояш шудааст.
Геннадий Селезнёв соли 1947 дар шаҳри Серови вилояти Свердловск таваллуд шудааст. Фаъолияти кории худро дар симмати коргари корхонаи №730 дар Ленинград оғоз кард. Бахши хабарнигории Донишгоҳи давлати Ленинградро хатм карда аз соли 1980 то соли 1988 сардабири нашрияи "Комсомолская правда" буд.
Соли 1992 узви Ҳизби коммунисти Русия ва дар моҳи декабри соли 1993 вакили Думои давлатӣ интихоб шуд. Дар моҳи январи соли 1996 раиси порлумон интихоб шуда дар моҳи апрели соли 1999 ба узвияти Шӯрои амнияти Русия пазируфта шуд.
Соли 1999 Селезнёв дар интихоботи раиси вилояти Маскав ширкат кард. Вай дар даври аввал пирӯз шуда, вале дар даври дуввум бо андаке аз раъй аз Борис Громов мағлуб гашт.
Дар моҳи майи соли 2002 Геннадий Селезнёв ба далели ихтилофот аз суфуфи Ҳизби коммунисти Русия ихроҷ шуд ва дар ҳамон сол Ҳизби эҳёи Русияро таъсис дод. Баъд аз анҷоми салоҳияти Думаи даъвати севвум аз симмати раиси парлумон истеъфо дод.
Дар моҳи июни соли 2009 Селезнёв ба симмати раиси шӯрои мудирони "Мособлбонк" интихоб шуда аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор рафт. Дар моҳи июли соли 2012 раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ӯро узви шӯрои Телевизиони ҷамъиятии Русия таъйин кард.