ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бонкҳои Юнон рӯзи душанбе ба фаъолият оғоз мекунанд ва муштариён метавонанд тавассути ҳисобҳои бонкии худ амалиёт анҷом бидиҳанд, амммо ҳамзамон маҳдудиятҳо барои ироъаи пули нақд боқӣ мемонад.
Интизор меравад барои бори нахуст дар се ҳафтаи ахир биржаи Афина низ фаъол шавад.
Рӯзи душанбе ҳамчунин муқаррароти ҷадиди таруфаҳои андози қиммати изофӣ низ ситонида мешаванд. Ба эътиқоди коршиносон арзиши бештаре аз маҳсулот 9% боло хоҳад рафт. Арзиши бештаре аз маҳсулот ва хадамот афзоиш меёбад.
Бонкҳои Юнон 29 июн ба далели афзоиши зиёди талабот ба пули нақд ва эъломи ҳамапурсӣ барои тавофуқот бо карздиҳандагони байналмиллалӣ фаъолияти худро қатъ карда буданд. Ҳукумат роҳандозии "таътилоти бонкиро" ба "вазъи изтирорӣ, ҳифзи сареъи низоми молӣ ва иқтисоди Юнон ва ба далели камбуди маблағ" ва тасмими Бонки марказии Аврупо барои ироъа кӯмакҳо маънидод карда буд.
Он замон маҳдудиятҳо барои дарёфти 60 еврои нақд дар як рӯз тавассути банкоматҳо ва ё 1,8 ҳазор евро дар як моҳ роҳандозӣ шуданд.
Нахуст "таътилот" барои як ҳафта эълом шуд, вале сипас онро чаҳор маротиба тамдид карданд.
Масдудияти бонкҳо ва назорат бар пул дар тӯли се ҳафта дар Юнон ба кишвар хисороти 3 миллиард евро дар пай дошт, ҳарчанд хисороти бахши ҷаҳонгардӣ шумориш нашудааст, менависанд расонаҳои маҳаллӣ. Тиҷорат кӯчаки Юнон 600 миллион евроро аз даст додааст.
Азсаргирии ироъаи кӯмакҳои тавозунӣ аз сӯйи Бонки марказии Аврупо шарти фаъол шудани бонкҳои Юнон эълом шуда буд. Дар ҳафтаи гузашта Бонки марказии Аврупо то 900 миллион евро мизони ҳадди болоии ироъаи чунин кӯмакҳо дар чаҳорчӯби кӯмаки эътиборотии сареъ (Emergency Liquidity Assistance / ELA) боло бурд. Дар сурати дарёфти кӯмакҳои тавозунӣ тавассути барномаи ELA бонкҳо водор мешаванд суди бештаре ҳангоми дарёфти маблағ пардохт кунанд, зеро ҳамакнун ин мизон 1,55% муқаррар мешавад, ҳарчанд дар шароити қаблӣ сармоягузорӣ онҳо 0,05% суд пардохт мекарданд.