ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Субҳи 18 июл бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон таъсис шуд, менависад АМИТ "Ховар".
Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар комиссияи мазкурро роҳбарӣ мекунад ва вай дар маҳали ҳодиса қарор дорад.
Ба ин комиссия вазири молия, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазири нақлиёт, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва масъулини дигар вазорату идораҳо шомиланд.
Бо дастури президент комиссия дар маҳали ҳодиса қарор дорад ва ба зарардидагон кумакҳои аввалия мерасонад. Бар асари омадани сел 56 манзили зисти сокинони ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, 4 километр роҳ ва 3 километр хатҳои барқ пурра хароб гардидаанд. Масъулини комиссия дастур гирифтанд, ки ҳарчи зудтар иншооти харобгардида ва зиндагии муқаррарии мардумро барқарор намоянд.