Дар Олмон пажӯҳиши донишманди тоҷик дар бораи мафҳумот мунташир шуд

© Flickr \ brewbooksКутуб. Акс аз бойгонӣ
Кутуб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пажӯҳиши донишманди тоҷикро нашриёти Palmarium Academic Publishing, ки ба чопи пажӯҳишҳои сатҳи академиявӣ, умдатан рисолаҳои докторӣ ва кутуби дарсӣ машғул аст, мунташир кардааст.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Пажӯҳиши "Рушд ва поягузории мафҳумоти форсӣ-тоҷикӣ"-и академик Мирзоҳасан Султонов дар Олмон мунташир шуд, менависад хабаргузории "Ховар".

Ин пажӯҳишро яке аз нашриётҳои саршиноси ҷаҳон — Palmarium Academic Publishing, ки ба чопи пажӯҳишҳои сатҳи академиявӣ, умдатан рисолаҳои докторӣ ва кутуби дарсӣ машғул аст, мунташир кардааст.

Дар пажӯҳиши донишманди тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, академики Фарҳангистон улуми аслшиносӣ Мирзоҳасан Султонов таърихи поягузорӣ ва роҳҳои аслии рушди мафҳумотӣ нуҷумшиносӣ, математика, ҷугрофия, фалсафа ва пизишкӣ баррасӣ шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ ин пажӯҳиш бар пояи осори илмии қарнҳои IX-XI таҳия шудааст. Ин пажӯҳиш барои коршиносони улуми дақиқи ҷомеъашиносӣ, коршиносони мафҳумот, эроншиносон, устодон ва шогирдони донишгоҳҳо пешбинӣ шудааст.

Ин китоб алаккай тавассути фурӯшгоҳҳои сомонаӣ дар куллияи ҷаҳон дастрас аст.

Palmarium Academic Publishing узви вобастаи Иттиҳоди китобфурӯшони Амрико ва Бритониёву Ирландия мебошад. Китобҳое, ки аз сӯйи Palmarium Academic Publishing мунташир мешаванд, тавассути яклухтфурӯшҳои сомонаӣ дар куллияи ҷаҳон тавзеъ мешаванд.

Ҳар китобе, ки аз сӯйи Palmarium Academic Publishing мунташир мешавад, дорои шумораи байналмиллалӣ (ISBN — International Standard Book Number) мешавад, ки дар сурати вуҷуди он вай дар куллияи манотиқи ҷаҳон дастрас аст.

Лентаи хабарҳо
0