Мазҳабӣ: баъд аз Иди Фитр боз як рӯ рӯза доштан зарур аст

© Sputnik / Амир ИсаевМасҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Масҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мазҳабӣ зикр кард, ки новобаста аз тақвим бояд 30 рӯз рӯза дошт, вале мусалмонон метавонанд баъд аз ҷашни Иди Фитр, ки 17 июл аст, боз як рӯзи дигар рӯзадорӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Агар мо аз Иди Фитр 17 июл, дар рӯзи 29-уми моҳи шарифи Рамазон таҷлил кунем, боз як рӯз қарз мемонад, изҳор дошт мазҳабии саршинос Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, менависад Радиои Озодӣ.

Мазҳабӣ гуфт, ки 29 рӯ рӯзадорӣ кардан раво нест, вале мардум метавонанд 17 июл аз Иди Фитр таҷлил кунанду сипас боз як рӯз рӯзадорӣ кунанд.

Ба гуфтаи вай новобаста аз тақвим бояд 30 рӯз рғзадорӣ кард ва ба ин далел рӯзадорон як рӯз қарздор мемонанд.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Фитр ва даъваташ ба савобҷӯӣ

Дар соли ҷорӣ моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз идома дошт. Рамазон 18 июн шурӯъ шуда ва раиси Шӯрои уламо Сайидмукаррам Абдулқодирзода эълом кард, ки моҳи Рамазон 17 июл анҷом меёбад.

Раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳафтаи гузашта дар нишасти матбӯъотӣ изҳор дошт, ки уламои Пажӯҳишгоҳи нуҷумшиносӣ таъйид карданд, ки дар соли ҷорӣ моҳи Рамазон аз 29 рӯз иборат аст. Вай гуфт, ки ҳарчанд дар кишвари мо тақвими хуршедӣ роиҷ аст, вале идҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон тариқи тақвими қамарӣ ҳисобида мешаванд.

Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Русия, эълом карданд, ки аз Иди Фитр 17 июл таҷлил карда мешавад. Бештаре аз кишварҳо аз ин ҷашн 18 июл таҷлил мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0