Комиссияи Аврупоӣ ба Юнон бар ивази тавофуқ 7 млрд евро медиҳад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПарчами Иттиҳодияи Аврупо. Акс аз бойгонӣ
Парчами Иттиҳодияи Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парлмоуни Юнон имрӯз тарҳи қонуни “Иқдомоти сареъ барои баргузории музокирот ва тавофуқ бо навҳаи аврупоии пуштибонӣ (ESM)”- ро баррасӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Комиссияи Аврупоӣ ба Юнон дар сурати таъсвиби парлумони ин кишвар аз тавофуқ бо қарздиҳандагон эътибори миёндавраӣ дар ҳаҷми 7 миллиард евро дар моҳи июлро пешниҳод дорад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Рейтер.

Порлумони Юнон имрӯз тарҳи қонуни "Иқдомоти сареъ барои баргузории музокирот ва тавофуқ бо навҳаи Аврупоии пуштибонӣ (ESM)"- ро баррасӣ мекунад. Тасвиби ин санад шарти азсаргирии кӯмакҳо ба бонкҳои юнонӣ барои ҳифзи тавозун ва оғози барномаи ҷадиди наҷоти иқтисоди Юнон мебошад.

Тарҳи қонун тибқи тасмимоти ҳамоиши ҳавзаи евро аз 12 июл ворид шудааст. Дар ин тасмимот муқаррароте барои иқдомоти молӣ ва таъмини иҷтимоӣ зикр шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0