Том Круз худаш ҳаракати хавфнокро дар ҳавопаймо анҷом дод

Обуна шудан
Созандагони қисми панҷуми сериали "Маъмурияти ғайриимкон" ба тамошочиён лаҳзаеро аз наворгирии филм нишон доданд, ки дар он Том Крузи 53-сола бе кӯмаки каскадёр, худаш амалиёти хавфнокро анҷом медиҳад. Гуфта мешавад, ин лаҳза 8 маротиба наворбардорӣ шудааст.

Том Круз ҳанӯз ҳам ба анҷоми амалиётҳои аҷибу ғариб ва хавфнок қодир аст. Ин дафъа, аснои наворгирии филми "Маъмурияти ғайриимкон" ӯ дар баланди 1700 метр дари ҳавопайморо кушода, амалиётеро анҷом дод.

Крузи 53-сола трюкҳои аз ҳама хатарнокро худаш анҷом медиҳад. Таври мисол аснои банаворгирии қисми чоруми филми ёдшуда, ӯ дар девори баландтарин бинои дунё- Бурҷи Халифа дар Дубай "давид". Баландии маҳалли наворбардорӣ 700 метр буд.

МАврид ба ёдоварист, дар филми "Маъмурияти нотамом 5" ба ғайр азҳ Том Круз ҳунармандоне амсоли Паула Паттон, Ҷереми Реннер, Саймон Пегг, Ребекка Фергюсон, Алек Болдуин, Винг Рэймс, Шон Харрис, Азим Аҳмад, Руперт Викхэм ва дигарон нақш мебозанд. Нахустнамоиши филм 25 декабр дар назар аст.

Гуфтанист, серияи чоруми ин силсилафилм беш аз 700 миллион доллар фоида овардааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0